Имрӯз ҳавои камабр дар назар аст
Имрӯз, 15 январ дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш гашта, дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳаво дар вилояти Суғд имрӯз тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо фаромадани туман пешгӯӣ мегардад. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 1-4 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 18-23 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, рӯзона фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр пешбинӣ шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-4 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабр пешбинӣ гашта, шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2, рӯзона 13-15 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ