Имрӯз ҳавои офтобӣ дар назар аст
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 2 январ дар бештари минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ сардшавии ҳаво дар назар аст.
Тибқи иттилои обуҳавошиносон, имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-3 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз, 2 январ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 4-9, дар баъзе ҷойҳо то 12-17 ва рӯзона 4-1 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво рӯзона 20-25 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда гашта, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-3 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 4-1 дараҷа сард ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои офтобӣ пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2 дараҷа хунук ва рӯзона 13-15 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ