Имрӯз ҳавои офтобӣ мешавад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 30 декабр дар бештари минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳаво софу беғубор гашта, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ сардшавии ҳаво дар назар аст.

Тибқи иттилои обуҳавошиносон, имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-7 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз, 30 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 5 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво рӯзона 11-16 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво офтобӣ гашта, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5 дараҷа хунук ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 5 дараҷа сард ва  рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе низ ҳавои офтобӣ пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа хунук ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *