Имрӯз ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 9 июн дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ гардидааст.
Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят шабона 1-4 ва рӯзона 14-19 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон низ ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ҳолатҳо чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорати ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона 34-39 дараҷа хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок гардида, дар водиҳо шабона 14-19 ва рӯзона 34-39 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок, дар манотиқи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар дошта шудааст. Ҳаво шабона 14-19 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, гармии ҳаво шабона 16-18 ва рӯзона 34-36 дараҷаро ташкил медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ