Имрӯз барф меборад
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борону барф дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, боридани барфи кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14 ва нимаи рӯз аз 0-5 то 4-9 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 19-24 то 28-33 дараҷа сард мешавад. Рӯзона сардии ҳаво аз 7-12 то 12-17 дараҷа мерасад.
Дар водиҳои вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб ба шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -2+3 ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 4-9 ва рӯзона -4+1 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон борон ва барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳарорат шабона ва рӯзона ба -2+3 дараҷа мерасад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 2-7 ва инчунин то 16-17 дараҷа сард шуда, рӯзона ҳарорат ба -3+2 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, борон ва барф меборад. Ҳаво шабона 0-2 ва рӯзона 2-4 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ