Имрӯз борон меборад
Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар бештари ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар ғарби вилоят шабона 14+19, рӯзона 26-31 ва дар шарқи ин вилоят шабона 1+6 ва рӯзона +21+26 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон борида, ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ то 15 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +16+21 ва рӯзона +31+36 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо шабона +22+27 ва рӯзона +33 + 38 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шабона +16 +21 ва рӯзона +34+39 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ карда шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шабона +16+18 ва рӯзона +34+36 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ