Имрӯз борон меборад
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва дар баландии 3000 м барф дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ додаанд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -1+6, рӯзона +14+19 ва дар шарқи ин вилоят шабона -4-9 ва рӯзона +4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии 3000 м барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, рӯзона дар баъзе минтақаҳо боридани борон дар назар буда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Дар водиҳо шабона +8+13 ва рӯзона +14+19 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии 3000 м барф дар назар буда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат шабона ба 5+10 ва рӯзона ба +12+17 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳарорат шабона +7+9 ва рӯзона +14+16 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ