Имрӯз борон меборад
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ додаанд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борон ва дар баландии 3000 м боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона +2+7, рӯзона +12+17 ва дар шарқи ин вилоят шабона -4-9 ва рӯзона +4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, борон ва дар баландии 2000 м боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, бар баъзе ноҳияҳо боридани борон дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона +8+13 ва рӯзона +11+16 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борон ва дар баландии 2500 м барф дар назар буда, ҳарорат шабона ба 6+11 ва рӯзона ба +9+14 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон дар назар аст. Ҳарорат шабона +7+9 ва рӯзона +11+13 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ