Имрӯз борон меборад
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борон дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ҳолат боридани барфи кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа сард шуда, рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 15-20 ва рӯзона 1-6 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо асосан ҳавои бебориш дар назар аст. Дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ боришоти ками борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Дар минтақаҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар минтақаҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-5 ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ