Имрӯз борон меборад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борон  дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11-16 дараҷа сард  шуда, рӯзона  аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  аз 23-28 то 33-38 ва рӯзона аз 5-10 то  13-15  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои абрнок шуда, нимаи дуюми рӯз дар баъзе минтақаҳо боридани борон ва барф дар назар аст.   Шамол аз самти шарқ ба самти ғарб  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 0-5 ва  рӯзона 10-15 дараҷа гарм  мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7-12 дараҷа сард шуда,  рӯзона  1-6  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок шуда, дар нимаи дуюми рӯз борон меборад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6  ва рӯзона 10-15  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 дараҷа сард шуда,  рӯзона 5-10 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, нимаи дуюми рӯз дар водиҳо борон ва дар минтақаҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм шуда,  рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар  кӯҳҳо  шабона аз 5-10 то 13- 15 дараҷа  сард шуда,  рӯзона 1-6  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои  абрнок шуда, нимаи дуюми рӯз борон меборад.  Шамол аз самти шарқ ба самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1   дараҷа гарм шуда, рӯзона 12-14 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *