Имрӯз борон меборад

Бино ба иттилои мутахассисони Агентии  обуҳавошиносии кишвар  имрӯз, 23 май дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда,  дар баъзе маврид борони кӯтоҳмуддат меборад.

Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз   дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон   ҳавои тағйирёбанда шуда,   дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ғарби вилоят ҳаво  шабона  9-14  ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона -3+2   ва рӯзона 12-17  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои   тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат,    чангу ғубор ва  раъду барқ  дар назар аст.  Ҳарорати ҳаво   шабона  18-23   ва рӯзона  31-36  дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар  вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда,  боридани борон ва раъду барқ  дар назар  аст. Дар водиҳо ҳаво  шабона 17-22    ва рӯзона 29-34  дараҷа  гарм хоҳад шуд.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат  ва дар баъзе маврид борони       шиддатнок меборад. Ҳамчунин чангу ғубор ва  раъду барқ  мешавад.  Ҳарорати ҳаво  дар водиҳо шабона 13-18   ва рӯзона 29-34  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе  ҳавои тағйирёбанда  шуда,  боридани борони кӯтоҳмуддат  ва раъду барқ дар назар аст. Гармии ҳаво шабона 15-17  ва рӯзона 30-32  дараҷаро ташкил медиҳад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *