Имрӯз борон меборад
Имрӯз, 5 октябр дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувори тағйирёбанда ва боридани борон пешбинӣ шуда, дар баъзе минтақаҳо дар баландии 2500 метр боридани барф ва пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вилояти Хатлон обуҳавошиносони кишвар пастшавии ҳароратро пешгӯӣ менамоянд. Ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон дар назар аст. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 21-26 дараҷа расида, шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрӣ ва боронӣ пешгӯӣ шуда, шабона дар баландиҳои 2500 м барф меборад. Дар ғарби вилоят ҳарорат рӯзона 18-23 ва дар шарқи ҳамин вилоят пастшавии ҳарорат пешбинӣ гашта, 6-11 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд пастшавии ҳарорат ва ҳавои номусоидро пешбинӣ менамоянд. Ҳаво дар ноҳияҳои вилоят абрии боронӣ гашта, дар баландиҳои 2500 м боридани барф пешгӯӣ карда мешавад. Вазиши шамол аз самти шимолу ғарб ба 4-9 метр дар як сония расида, дар водиҳо ҳарорат то 11-16 дараҷа мерасад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи ноустувор шуда, борон меборад. Дар баландиҳои 2500 м боридани барф, дар водиҳо пастшавии ҳарорати рӯзона ба назар мерасад.
Обуҳавошносон дар шаҳри Душанбе ҳавои абрӣ ва боридани борони кӯтоҳмуддатро пешбинӣ менамоянд. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония вазида, шабона 10-12 ва рӯзона 21-23 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ