Имрӯз борон ва барф меборад
Имрӯз дар ҷумҳурӣ бориши борону барф дар назар аст.
Тавре аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додаанд, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок ва боридани борону барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона -8-13 ва рӯзона -1+4 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +3+8 ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок, боридани борон ва дар баландиҳои 2000 метр аз сатҳи баҳр боридани барф пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона +9+14 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок, боридани борон ва дар баландкӯҳҳо боридани барф дар назар аст. Ҳарорат шабона ба +4 +9 ва рӯзона ба 8+13 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки боронӣ шуда, шабона 5+7 ва рӯзона +11+13 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ