Имрӯз чангу ғубор ба амал меояд
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, шурӯъ аз имрӯз то 28 июл дар ҷумҳурӣ пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 4-6 дараҷа дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо, ба истиснои ВМКБ, шамол аз самти ғарб то 17-22 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +17+22 ва рӯзона +29+34 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, шабона +13+ 18 ва рӯзона +28 +33 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ғарб дар баъзе ноҳияҳо то 17-22 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона +18+23 ва рӯзона +29 + 34 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, шабона 18+23 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шабона +19+21 ва рӯзона +35+37 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ