Имрӯз эҳтимол борон меборад
Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 5 июн дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ҳолат боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ гардидааст.
Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ҷойҳо боридани борон ва шабона дар баландии 3500 метр боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи вилоят шабона -1+4 дараҷа ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҳолат борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорати ҳаво шабона 18-23 ва рӯзона 33-38 дараҷа хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок мешавад, борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 17-22 ва рӯзона 31-36 дараҷа пешгӯӣ гардидааст.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок, дар баъзе маврид борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона ба 14-19 ва рӯзона ба 31-36 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Гармии ҳаво шабона 16-18 ва рӯзона 33-35 дараҷаро ташкил медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ