Имрӯз эҳтимол борон ва раъду барқ шавад
Имрӯз, 19 июл дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда боқӣ монда, дар баъзе минтақаҳо боридани борон ва раъду барқ дар назар аст.
Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар ғарби вилоят 29-34 дараҷа ва дар шарқи он 18-23 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар вилояти Хатлон дар водиҳо 35-40 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда ва раъду барқ пешгӯӣ шуда, ҳаво 32-37 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок гардида, дар баъзе ҷойҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо ба 33-38 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, ҳарорат 36 – 38 дараҷаро ташкил медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ