Имрӯз низ борон меборад

 Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии  обуҳавошиносии кишвар,  имрӯз, 18 май дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда,  дар баъзе маврид борони кӯтоҳмуддат меборад.

Бар асоси пешгӯии ин марказ,  имрӯз дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон   ҳавои тағйирёбанда шуда,   дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад ва дар баландии беш аз 3000 метр боридани барф дар назар аст.   Дар ғарби вилоят ҳаво  шабона  8-13  ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона -3+2 дараҷа   ва рӯзона 8-13  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат  ва дар баъзе маврид борони       шиддатнок борида,  чангу ғубор ва  раъду барқ  мешавад. Ҳарорати ҳаво   шабона  17-22  ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар  Вилояти Суғд ҳаво қисман абрнок шуда,  борони кӯтоҳ  ва дар баъзе ҷойҳо борони шиддатнок бо  раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Дар водиҳо ҳаво  шабона 16-21  ва рӯзона 24-29 дараҷа  гарм хоҳад шуд.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳаво тағйирёбанда шуда,   борони кӯтоҳмуддат ва дар баъзе маврид борони шиддатнок ва раъду барқ дар назар аст. Дар водиҳо шабона 11-16  ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе  ҳавои тағирёбанда шуда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ мешавад. Гармии ҳаво шабона 14-16  ва рӯзона 30-32  дараҷаро ташкил медиҳад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *