Имрӯз Путин ба Душанбе меояд

Дар назар аст, ки нисфирӯзии  27 феврал Владимир Путин, президенти Русия бо як сафари кӯтоҳи расмӣ вориди Душанбе шавад. 

Юрий Ушаков, ёвари президенти  Русия ба хабаргузориҳогуфтааст, ки қарор аст Владимир Путин аз фурудгоҳи Душанбе мустақиман ба «Қасри миллат» омада ва бо Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷики худ як ба як дидору гуфтугӯ кунад. Сипас, мулоқоти ҳайатҳои Русия ва Тоҷикистон баргузор мешавад ва масоили мавриди баҳси тарафайн баррасӣ хоҳанд шуд.

Тибқи барномаи сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон, дар ҷараёни ин дидор миёни Тоҷикистону Русия 7 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои кору муҳоҷират, ҳифзи муҳити зист, истифода аз энержии атомӣ, алоқаи почта, Барномаи ҳамкориҳои вазоратҳои хориҷаи ин ду кишвар дар соли 2017 ва ёддошти байниидорӣ оиди ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг ва варзиш, имзо хоҳанд шуд. Дар поёни мулоқотҳои сатҳи олӣ Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар назди хабарнигорон аз натоиҷи мулоқотҳо суҳбат мекунанд.Интизор меравад, ки Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон барои саҳмаш дар равобити дуҷониба ва ҳамкориҳо миёни Русия ва Тоҷикистон, нишони «Александр Невский» тақдим кунад. Путин  дар ҷараёни дидораш аз Душанбе аз пойгоҳи низомии ин кишвар, ки ба гуфтаи мақомоти Русия “омили муҳими субот ва амният дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад”, дидан хоҳад кард. Субҳи сешанбеи 28 феврал, Владимир Путин аз Душанбе озими Бишкек, пойтахти Қирғизистон хоҳад шуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *