29 апрел рӯзи байналмиллалии рақс
29 апрел дар тамоми ҷаҳон чун Рӯзи байналмилалии рақс таҷлил мегардад.
Ин ҷашн ба ҳамаи намудҳои рақс бахшида шуда, аз соли 1982 бо қарори ЮНЕСКО ҷашн гирифта мешавад. Мақсад аз таҷлили ин рӯз мутаҳидсозии ҳама гуна навъҳои санъати рақсӣ ва ба ҳам овардани ҳама мардуми сайёра зери як ливо, ба хотири пойдории сулҳу субот дар ҷаҳон ва ба онҳо додани имкони сухан кардан бо як забон — бо забони рақс мебошад.
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Ҳукумати кишвар ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пайваста баҳри рушди ин навъи ҳунари асил тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад. Имрӯз санъати рақсии тоҷик бо тамоми унсурҳои миллӣ ба дили бинандагони ҳам дохил ва ҳам хориҷи кишвар роҳ ёфтаву маҳбуб гаштааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ