Имрӯз рӯзи китоб
Имрӯз, 4 сентябр, соати 14:00 дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» ҷамъбаст мегардад.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд, озмун ба таҷлили Рӯзи китоб бахшида шуда, миёни муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва хонандагони китобхонаҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ сурат гирифт.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз созмондиҳандагони асосии ин озмун ба ҳисоб меравад, мақсади баргузории онро дар ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб, эҳёи суннатҳои китобдӯстиву китобдорӣ, бедор намудани майлу рағбат ба эҷодиёт, тарбияи насли наврас дар заминаи арзишҳои миллию умумибашарӣ, дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, нангу номуси миллӣ, зебоипарастиву меҳнатдӯстӣ, пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб дар миёни онҳо ва тарғиби тарзи ҳаёти солим маънидод намуд.
Хотиррасон менамоем, ки тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар Тоҷикистон 4-уми сентябр Рӯзи китоб ҷашн гирифта мешавад. Имрӯз Вазорати фарҳанг, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, дигар муассисаҳои илмию фарҳангии чорабиниҳои зиёди идона ба нақша гирифтаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ