Имрӯз раъду барқ дар назар аст
Имрӯз, 17 июл дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда боқӣ монда, дар баъзе минтақаҳо боридани борон ва раъду барқ дар назар дошта шудааст.
Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар ғарби вилоят 28-33 дараҷа ва дар шарқи он 18-23 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар вилояти Хатлон дар водиҳо 37-42 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳарорати ҳаво 32-37 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок гардида, ҳарорат дар водиҳо ба 35-40 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳарорат ба 36 – 38 дараҷа мерасад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ