Имрӯз соати 11 ҷанозаи Бозор Собирро дар масҷиди Ҳоҷӣ Яъқуб мехонанд

Ҷасади Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик субҳи душанбеи 14-уми май ба Тоҷикистон оварда шуд. Бозор Собир рӯзи якуми май дар 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэттли Амрико даргузашт. Ҷасади ӯ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тариқи Истанбул ба Душанбе оварда шуд. Барои қабули ҷасади шоир намояндагони баландпояи ҳукуматӣ, аз ҷумла Абдуҷаббор Раҳмонзода, Асадуллоҳ Раҳмон, Ибодуллоҳ Машрабов, овозхон Саидқул Билолов ва чанд нафари дигар ба фурудгоҳ омада буданд. Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 13-уми май соату маҳалли видоъ бо Бозор Собирро эълон карданд. Хабаргузории давлатии “Ховар” рӯзи гузашта навишт, ки ин маросим соати 11-и рӯзи 14-уми май дар масҷиди марказии Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб баргузор хоҳад шуд. Оромгоҳи Лучоб макони охирати раҳбарони вақти Тоҷикистони Шӯравӣ — Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, адибони маъруф Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Лоиқ Шералӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев ва дигарон аст. Омодагиҳо барои гӯручӯби Бозор Собир дар ин қабристон анҷом шудааст. Дар онҷо барои дафни шоир замине ҷудо кардаанд, ки дар ҳамсоягии Лоиқ Шералӣ буда, 4 метр тӯл ва 3 метр паҳноӣ дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *