Имрӯз то 43 дараҷа гарм хоҳад шуд
Имрӯз, 6 июл дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо ҳарорат ба 43 дараҷа мерасад.
Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шуда аст. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят 28-33 дараҷа ва дар шарқи он 12-17 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар вилояти Хатлон дар водиҳо 38-43 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда буда, боридани борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво 37-42 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок гардида, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва раъду барқ дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо ба 36-41 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, 39 — 41 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ