Имрони кудаккушро ба дор овехтанд

Дар Покистон як ҷавонеро, ки ба таҷовуз ва қатли 8 кӯдак гунаҳкор дониста мешуд, ба дор овехтаанд.

Ҳукми қатли Муҳаммад Имронро рӯзи 17-уми октябр дар шаҳри Лоҳур ва дар ҳузури падари яке аз кӯдакон Амин Ансорӣ иҷро кардаанд.Таҷовуз ва қатли Зайнаб, духтари 7-солаи Амин Ансорӣ хашми мардуми Покистон ва ҷомеаи байналмилалиро барангехт. Ҷасади Зайнабро дар як партобгоҳе дар шаҳри Касури Покистон пайдо карданд ва қотил ду ҳафта баъд дастгир шуд.Музаффар Овон, яке аз мақомоти раёсати зиндонҳои Покистон, гуфт, ки баъди иҷрои ҳукми қатл ҷасади Муҳаммад Имронро барои дафн ба хешовандонашон супурдаанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *