Имруз ҳаво гарм ва бебориш мешавад
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 16 июл дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар аст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +38+43 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, ҳарорат шабона +14+ 19 ва рӯзона +31 +36 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои софи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +22 +27 ва рӯзона +40 + 45 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат шабона 17+22 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад.
Инчунин дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шудааст. Дар пойтахти мамлакат шабона +19+21 ва рӯзона +39+41 дараҷа гарм мешавад.
Ёдрас менамоем, ки то 18 июл дар тамоми ҷумҳурӣ, ба истиснои шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои гарм боқӣ мемонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ