Имшаб моҳ “месӯзад”
Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ шаби 27-уми июли имсол беҳтарин гӯшаи ҷаҳон барои мушоҳидаи гирифтани моҳ хоҳад буд. Ба гуфтаи ситорашиносон, гирифтани моҳ имсол дарозтарин дар асри 21 хоҳад буд ва бештар аз 1 соату 40 дақиқа идома мекунад.
Гирифтани моҳ падидаи нодири кайҳонист ва замоне сурат мегирад, ки Замин аз байни Офтоб ва Моҳ ҳаракат мекунад ва шумо сояи курраи заминро дар рӯи Моҳ мебинед ва ё ба гуфти мардум «моҳ месӯзад». Агар гирфтани офтобро тариқи шишаи сиёҳ мушоҳида кунанд, гирифтани моҳро бо чашми оди, бе зарар ба чашм мушоҳида намудан мумкин аст. Шумо метавонед ин ҳодисаи нодири кайҳониро, ки моҳи пурра “месӯзад” пас аз соати 23 мушоҳида кунед ва онро наворбардорӣ намоед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ