Имсол ҳам ҳаҷ иҷозат нест!
Мақомоти Арабистони Саудӣ ба далели пандемияи коронавирус имсол низ ба зоирони хориҷӣ иҷозати зиёрати Маккаву Мадина барои анҷоми маносики Ҳаҷро надоданд. Вазорати Ҳаҷ ва Умраи Арабистони Саудӣ қарор кард, ки шумори зоиронро дар рӯзҳои Ҳаҷ бо ҳамагӣ 60 ҳазор нафар маҳдуд кунад. Мақомот танҳо ба сокинони худи Арабистони Саудӣ иҷозати Ҳаҷ доданд ва он ҳам ба сокинони синнашон аз 18 то 65, ки ягон бемории сироятӣ надошта бошанд ва аз коронавирус ваксина гирифта бошанд.
Вазорати Ҳаҷ ва Умраи Арабистони Саудӣ дар изҳороташ гуфт, мақомоти Саудӣ “ҳамеша ба масоили амният ва тандурустии зоирон аҳамияти бузург дода, ин масоилро дар раъси бартариҳои худ қарор медиҳанд.”
Дар Арабистони Саудӣ то имрӯз беш аз 460 ҳазор нафар гирифтори коронавирус шуда, ин вирус сабаби марги беш аз 7500 нафар шудааст.
Мақомоти Саудӣ соли 2020 низ ба далели коронавирус сафари зоирони хориҷиро барои анҷоми маносики Ҳаҷ манъ карда буданд.
То даврони пандемияи коронавирус ҳар сол то ду миллион зоир аз саросари ҷаҳон, аз ҷумла то 6300 зоир аз Тоҷикистон, дар мавсими Ҳаҷ ба Маккаву Мадина меомад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ