Имсол боз ҳам  лимит мешавад?

Ҷорӣ шудани лимити  барқ ҳамасола мушкилоти зиёдеро ба бор оварда, боиси дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ба вуҷуд омадани  маҳдудият дар интиқоли қувваи барқ  мегардад.

 Ба саволи хабарнигорорн сари ин мавзӯъ масъулини Ширкати “Барқи тоҷик” гуфтанд, ки дар ҳақиқат об ба сатҳи зарурӣ баланд шуда, айни замон мушкили норасоии нерӯи барқ вуҷуд надорад, аммо, дар фаслҳои тирамоҳу зимистон талабот ба нерӯи барқ зиёд мешавад ва зарурати аз меъёр бештар истифода бурдани об ба миён меояд.

Аз ин хотир, дар сурати дубора паст шудани сатҳи об ва ба миён омадани мушкили норасоии нерӯи барқ эҳтимоли ҷорӣ шудани “лимит”-и барқ  мавҷуд.

Ба ҷавоби масъулин Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» илова намуда,  гуфт,  то вақте ки Неругоҳи барқӣ-обии “Роғун” ба пуррагӣ ба фаъолият сар накунад, мушкили норасоии нерӯи барқ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад ва танҳо “Роғун” метавонад ин масъаларо ба пуррагӣ аз миён бардорад. Яъне, то солҳои наздик лимит ё реҷаи барқ  боқӣ хоҳад  монд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *