Имтиҳони муҳоҷирон аз байн меравад, РВП бекор мешавад

Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия, палатаи болоии парлумони Русия аз такрор ба такрор гирифтани имтиҳони забони русӣ аз муҳоҷирон дар ин кишвар танқид кард ва онро «таҳқири муҳоҷирон» номид. Ба гуфти ин мақомдори баландпояи рус имтиҳон ба тиҷорат табдил ёфтааст ва пешниҳод кард, аз ин таҷриба даст кашанд.

Ин мавзуъ дар ҷаласаи охири Шӯрои Федератсия — палатаи болоии парлумони Русия — замоне баҳс шуд, ки аъзои он тарҳи тағйирот ба қонун дар бораи шаҳрвандии Русияро баррасӣ мекарданд. Мувофиқи ин тағйирот гирифтани шаҳрвандӣ барои муҳоҷирон сода шуда, иҷозатномаи зиндагии муваққатӣ – РВП аз байн бурда мешавад. Барҳам хӯрдани РВП ба он меорад, ки шаҳрвандони хориҷӣ бидуни интизории сесола иҷозаи иқомати доимӣ ва баъди ин мақоми шаҳрвандӣ бигиранд.

Зимни ҷаласаи Шӯрои Федератсия миёни Валентина Матвиенко ва Игор Зубков, муовини вазири корҳои дохилии Русия мубоҳиса сурат гирифт, ки он миллионҳо муҳоҷири кориро дар Русия хурсанд кард.

Санаи 17 март, зимни баррасии лоиҳаи нави қонун дар бораи муҳоҷират дар толори Шӯрои Федератсия Игор Зубов, муовини вазири корҳои дохилии Русия низ ҳузур дошт. Ӯ дар ин вазорат масоили муҳоҷиратро роҳбарӣ мекунад. Матвиенко дар хитоб ба ӯ гуфт:

“Игор Николаевич, зарур аст ба чигунании дар амал татбиқ шудани қонунҳо таваҷҷуҳ кунем. Шаҳрвандони Беларус, Украина ва давлатҳои дигар, ки ба кишвари мо меоянд, патент мегиранд. Нафаре барои се моҳ, дигарон барои як сол. Ва ҳар боре, ки онҳо патент мегиранд, маҷбуранд аз нав имтиҳони забони русӣ супоранд, аз нав аз ташхиси тиббӣ гузаранд, ҳол он ки баъзеи онҳо солҳои дароз дар инҷо кор мекунанд. Ба фикрам, инҷо касе тиҷорат карда истодааст. Чун гузаштани ин марҳилаҳо нархи хеле гарон дорад”.

Дар идома Мативенко аз Зубов пурсид, ки нархи имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷиронро медонад? «Не»-посух дод Зубов.

“Чӣ гуна шумо соҳаи муҳоҷиратро роҳбарӣ мекунед, ки чунин иттилоъро дар даст надоред”-суол кард Матвиенко.

Раиси Шӯрои Федератсияи Русия ба вакилон муроҷиат кард, ки ин равандро назорат кунанд ва хулосаи дуруст бароранд. Ба гуфти Матвиенко ба унвонии ӯ ҳамарӯза даҳҳо номаи шикоятӣ аз номи муҳоҷирон ворид мешавад.

Муҳоҷирони кории тоҷик аз соли 2013 ба ин сӯ барои ба даст овардани патент бояд аз забони русӣ имтиҳон супоранд ва аз ташхиси тиббӣ гузаранд. Қисми зиёди муҳоҷирони тоҷик барои супурдани имтиҳон дониши хуб доранд, вале нархи имтиҳон барояшон гаронӣ мекунад. Илова бар ин супоридани патентпулӣ низ барои муҳоҷирон гарон аст.

Бо ин сабаб қисми зиёди муҳоҷирони тоҷик бидуни гирифтани патӣент ва санад кор мекунанд ва мавриди озори мақомоти Русия қарор мегиранд. Бештари муҳоҷирон бо ин сабаб аз Русия ихроҷ шуда, тавони бозгашт надоранд.

Муҳоҷири тоҷик Сафдар Маннонов мегӯяд, ки аз ин изҳороти Матвиенко хушнуд аст. Дар сурати ба амал татбиқ шудани ҳарфҳои Раиси Шӯрои Федератсия барои муҳоҷирон сабукӣ мешавад:

“Тасаввур кунед, ҳар дафъа барои кор дар Русия патент ё иҷозаи фаъолият гирифтан лозим меояд. Илова бар ин, ҳар бори патент гирифтан талаб мешавед, ки имтиҳон супорем. Ин албатта нодуруст аст. Дар вақти имтиҳонгирӣ ба ҳар баҳона аз мо пул меситонанд. Агар гуфтаҳои Матвиенко татбиқ шавад аз 5 то 10 ҳазор рубли русӣ ба фоидаи мо мемонад”.

Алҳол маълум нест, ки оё Вазорати корҳои дохилии Русия, ки масоили муҳоҷират дар ин кишвар дар тобеияти он аст, баъди эроди Матвиенко чорае меандешад ё не, вале коршиносон мегӯянд, ки дар Русия барои муҳоҷирон насими нарм мевазад.

Пешниҳоди осон кардани гирифтани мақоми шаҳрвандӣ ва барҳам додани РВП – иҷозатномаи муваққатии иқомат аз ҷониби Владимир Путин ва барҳам додани имтиҳони такрорӣ барои муҳоҷирон аз тарафи Валентина Матвиенко оғози ин насими нарм аст.

Тафсилот дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *