Имтиёз ба соҳибкорон. Аз шарҳи мақомоти андоз то зиён ба буҷет
Тавре “Тоҷикистон” қаблан иттилоъ дода буд, 5 июни соли равон Фармони Президенти Тоҷикистон дар робита ба пешгирии таъсири пайомадҳои бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ба имзо расид. Тибқи ин санад, ба соҳибкорони кишвар имтиёз дода шуд. Бо дархости ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Нарзулло Маликзода, муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон фармони мазкурро шарҳ дода, ба чанд суоли хонандагон посух гуфт.
-Дар асоси фармони Президент аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 ба иншоотҳои соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилотҳои хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозӣ пешбинӣ шуд. Ин чӣ моҳият дорад?
-Ҳадафи фармони Президенти кишвар, пеш аз ҳама, дастгирии ин бахшҳои хизматрасонӣ дар давраи пандемияи коронавирус мебошад. Мутобиқи муқаррароти мазкур, ба иншоотҳои соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилотҳои хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозӣ пешбинӣ гардида, ҳисобкунии фоизҳо барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо барои аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 манъ карда шудааст.
Зимнан, тибқи талаботи моддаи 73 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар маблағи андоз, аз ҷумла пардохти ҷорӣ дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт нашуда бошад ва бақияпулӣ ҷой дошта бошад, андозсупоранда уҳдадор аст аз санаи фаро расидани муҳлати пардохт то санаи пардохти бақияпулиҳо фоизҳои дахлдорро пардохт намояд. Фоизҳо барои ҳар як рӯзи иҷро нагардидани уҳдадории андоз, аз рӯзи якум баъд аз фарорасии муҳлати пардохти андоз, бо дарназардошти рӯзи пардохт бо меъёри 0,05 фоиз ҳисоб карда мешаванд. Яъне, новобаста аз муқаррароти қонунгузорӣ бо назардошти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5.06.2020, №1544 нисбат ба маблағи бақияи қарзи андозҳои субъектҳои соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилотҳои хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия барои ҳамин давра фоиз ҳисоб карда намешавад.
-Дар банди дигари фармон гуфта мешавад, ки аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 барои субъектҳои хоҷагидорие, ки дар муҳлати муқарраршуда андози иҷтимоиро пардохт накардаанд, татбиқи чораҳои ҷавобгарии андозӣ манъ аст. Кадом чораҳо дар назар дошта шудааст ва минбаъд чӣ хоҳад шуд?
-Дуруст аст. Дар асоси талаботи моддаи 620 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, барои сари вақт напардохтани андозҳо, аз ҷумла андози иҷтимоӣ барои андозсупорандагон ҷаримаи маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Дар давраи аз 1 май то 1 сентябри соли ҷорӣ татбиқи ҷаримаи моддаи 620 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ манъ гардид. Инчунин, барои сари вақт пардохт нагардидани андози иҷтимоӣ фоизҳо ҳисоб карда намешаванд.
—Соҳибкорони инфиродие, ки тибқи патент дар бозорҳо, марказҳои савдо ва нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, аз ҷумла сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, ателеҳои мӯд ва дӯзандагӣ фаъолият менамоянд, аз 1 май то 1 августи соли 2020 аз ҳисоб ва пардохти андозҳо озод шуданд.
-Бале, новобаста аз анҷом ёфтани рӯзҳои санитарӣ вобаста ба бемории COVID-19 ва ба фаъолият оғоз намудан, соҳибкорони ин бахшҳо аз пардохти маблағи патент то 1 августи соли 2020 озод мебошанд. Ин муқаррарот танҳо нисбат ба соҳибкорони инфиродии тибқи патент дар бозорҳо, марказҳои савдо ва нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, аз ҷумла сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, ателеҳои мӯд ва дӯзандагӣ фаъолияткунанда татбиқ гардидааст. Ҳамзамон, соҳибкорони инфиродии бо патент фаъолияткунандае, ки ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ бо ариза оид ба муваққатан боздоштани фаъолият муроҷиат намуда буданд, 1 май то 1 августи соли 2020 аз пардохти маблағи патент озод мебошанд.
-Оё фармон ба соҳибкорони инфиродие, ки бо шаҳодатнома кор мекунанд, татбиқ мешавад?
-Не. Нисбат ба соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда ва хоҷагиҳои деҳқонии бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ татбиқ намегардад. Ин гуна соҳибкорон уҳдадор мебошанд, ки ҳисоботи андозии худро тибқи тартиби муқарраршуда ба Нозироти андози маҳалли қайди худ аз рӯи даромадҳои воқеии бадастоварда ва ё барои давраи амалан анҷом надодани фаъолият бо асосҳои воқеӣ эъломияи худро ба таври сифрӣ пешниҳод намоянд. Ҳангоми пешниҳоди эъломияҳои сифрӣ онҳо маблағи андози иҷтимоиро ба буҷет пардохт менамоянд.
-Имрӯз мақомоти андоз санъаткорони кишварро муваззаф кардааст, ки барои фаъолият ва тӯйгардиашон патент гиранд. Аммо онҳо дар давраи пандемия тамоман ба тӯйҳову ҳар гуна чорабиниҳо намераванд. Оё дар давраи пандемия онҳо аз пардохти маблағи патент озоданд?
-Не. Меъёри мазкур нисбати дигар соҳибкорони инфиродии бо патент берун аз ҳудуди бозорҳо, марказҳои савдо ва нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ фаъолияткунанда, аз ҷумла аз рӯи намудҳои фаъолияти хариду фурӯши молҳои хӯрокворӣ, кишоварзӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хизматрасониҳои нақлиётӣ, фаъолияти сарояндагӣ, навозандагӣ, банаворгирии ҷашну маъракаҳо ва ғайраҳо, ки дар давраи бемории сироятии COVID-19 (фаъолияти онҳо боздошта нашудааст) татбиқ нагардидааст. Ин гурӯҳи соҳибкорон уҳдадор мебошанд, ки андозҳои худро ба буҷетҳои дахлдор пардохт намоянд.
-Умуман, соҳибкорони инфиродие, ки имтиёз гирифтанд, дар пур кардани буҷет чӣ ҳисса доранд?
-Аз рӯи таҳлилҳои пешакӣ, муайян гардид, ки нақши ин соҳаҳо дар пур кардани буҷети мақомоти андоз 2-2,5 фоизро ташкил медиҳад.
-Яъне, чӣ қадар маблағ аз ин ҳисоб ба буҷет ворид намешавад?
-Эҳтимол дорад, ки дар муддати се моҳ то 55,2 млн. сомонӣ аз ҳисоби ин гурўҳи соҳибкорон ба буҷет ворид нашавад.
Мувофиқи фармони Президент дар пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул низ таътили андозӣ муқаррар гардид. Инро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
-Таътили андоз яке аз шаклҳои имтиёзҳои андозӣ ба ҳисоб меравад. Ин додани имконият дар муҳлати нисбатан дертар супоридани андозҳоро дар назар дорад. Яъне, тибқи муқаррароти мазкур шахсони воқеӣ — супорандагони андозҳо аз молу мулки ғайриманқул аз давраи 1 май то 1 сентябри соли 2020 аз пардохти маблағи андозҳо озод нагардида, балки барои сари вақт пардохт накардани маблағи ҳисобшудаи андозҳо аз молу мулки ғайриманқул барои давраи зикргардида фоизҳо ҳисоб ва пардохт карда намешаванд. Ин новобаста аз таъиноти истифодабарии объекти молу мулки ғайриманқул аст.
Шахсони воқеӣ уҳдадоранд пас аз ба итмом расидани муҳлати муқарраршуда, яъне баъд аз 1 сентябри соли 2020 маблағи ҳисобшудаи андозҳо аз молу мулки ғайриманқули худро тибқи тартиби муқарраршуда ба буҷет пардохт намоянд.
-Айни замон меъёри андоз аз молу мулки ғайриманқул чанд аст? Дар ин 4 моҳ аз ин ҳисоб чӣ қадар маблағ ба мақомоти андоз ворид намешавад?
-Меъёри андоз аз объектҳои ғайриманқул вобаста ба масоҳати ишғолнамудаи объектҳои ғайриманқул ва мақсади истифодабарии он бо фоиз аз рӯи нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо коэффитсиенти минтақавӣ дар миқёси шаҳру ноҳияҳо муайян карда мешавад. Аз ҷумла, барои молу мулки ғайриманқули ба сифати биноҳои (ҳуҷраҳои) истиқоматӣ истифодашаванда, инчунин биноҳои ёрирасони онҳо то 90 метри мураббаъ ба андозаи 3 фоиз ва зиёда аз он ба андозаи 4% аз рӯи нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян шудааст. Нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои соли 2020 дар ҳаҷми 58,0 сомонӣ муайян шудааст.
Мувофиқи таҳлилҳои пешакӣ дар ин давра аз ҳисоби имтиёзи мазкур эҳтимолияти то 70 млн. сомонӣ ба буҷет ворид нагардидани ин намуди андоз дар назар аст.
-Дар маҷмӯъ, ҳоло дар мақомоти андози кишвар чанд нафар соҳибкорони инфиродӣ, ки бо патент фаъолият мекунанд, ба қайд гирифта шудаанд?
-Дар қайди мақомоти андоз ба санаи 1.06.2020 ҳамагӣ 103343 нафар соҳибкорони инфиродӣ, ки тибқи патент фаъолият менамоянд, мавҷуд мебошанд.
-Аз нигоҳи шумо, баъди эълон шудани сабукии муваққатӣ ба бахшҳои хизматрасонӣ, буҷети ҷумҳурӣ аз андоз чӣ қадар зарар мебинад ва он бо кадом роҳҳо пӯшонида мешавад?
-Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои эҳтимолии ворид нагардидани андозҳо ва пардохтҳои муқарраргардида аз ҳисоби пешбинӣ намудани таътили андозӣ ва сабукиҳо оид ба напардохтани андозҳоро мавриди таҳлил қарор дод. Тибқи маълумотҳои пешакӣ, дар асоси фармони мазкур ҷиҳати пешгирии пайомадҳои таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иқтисодиёт ва андозсупорандагон ба буҷет зиёда аз 290 млн. сомонӣ ворид намегардад. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи қонунгузории амалкунанда дар якҷоягӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти роҳҳои рӯйпӯш намудани касри буҷети давлатӣ чораҷӯї менамояд.
Мусоҳиб Усмон Раҳимзода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ