Имтиёзи ректори ДМТ ба донишҷӯёне, ки хизмати ҳарбӣ мераванд

Имрӯз, 30 апрел 111 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои ихтиёран сафарбар гардидан ба хизмати ҳарбӣ ҳозир шудаанд.

Бино бар иттилои Бахтиёр Қутбиддинов, декани факултети журналистикаи ДМТ, ба ин муносибат барномаҳои фарҳангӣ ва ҷамъомади тантанавӣ доир шудааст.

Муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдухолиқзода қайд намудааст, танҳо дар давоми ним соати субҳ 11 нафар ба таври ихтиёрӣ номнавис шудаанд, ки ин намунаи ибрат будани Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро исбот мекунад.

“Ҳудуди 100 нафар танҳо аз факултети ҳуқуқшиносӣ мехоҳанд, ки ба хизмати ҳарбӣ раванд. Ин ҳадди ниҳоӣ нест ва аз 18 факултети дигар низ ҷавонони донишгоҳро хатмкунанда омодаанд, ки ба хизмати ватан раванд.Ҷомеа имрӯз ин нозукиро (хизмати ҳарбӣ) дарк намуда истодааст ва оҳиста-оҳиста чун даврони шуравӣ ин раванд суфта мешавад”,- менависад Б. Қутбиддинов дар саҳифаи Фейсбук.

Ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода барои ҷавононе, ки ба хизмати ҳарбӣ мераванд,  имтиёз, аз ҷумла мусоидат ба имтиҳоноти хатм ва қабули бенавбат ба магистратура муайян намудааст.

“Шояд дар ояндаҳои наздик мафҳуми «ОБЛАВА» ба бойгонии таърих равад. Ва шояд баръакс, барои хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ воситабозӣ оғоз шавад. Вақт довар аст ва ҳама чизро нишон хоҳад дод”, -таъкид мекунад Бахтиёр Қутбиддинов.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *