Имзои 23 созишнома миёни Хатлон ва Сурхондарё
Байни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 23 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Имзошавии созишномаҳои ҳамкорӣ бо мизбонии Тоҷикистон дар шаҳри Норак сурат гирифт.
Дар шаҳри Норак Форуми рушди ҳамкориҳои вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар ин Форум Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ва Тӯра Боболов, раиси вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамчунин соҳибкорони ҳарду давлат ширкат доштанд.
Бояд гуфт, ки харитаи роҳ байни ду вилоят, ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, 15 шартнома барои сармоягузорӣ, шаш шартнома барои молу маҳсулот бо маблағи беш аз 26 миллион доллар ба имзо расидааст. Созишномаҳои имзошуда дар пешравии ин ду вилоят, бештар гардидани равобит ва дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки бо як сафари корӣ намояндагони вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вилояти Хатлон ташриф оварда, аз чанд мавзеъ ва коргоҳу корхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дидан намуданд.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ