Имзои 28 санади нав миёни Тоҷикистон ва Узбекистон

Байни Тоҷикистону Узбекистон дар бахши сайёҳӣ, иқтисод, роҳу нақлиёт, амнияти озуқаворӣ ва фарҳанг 28 санади ҳамкорӣ имзо шуд.
Созишномаҳоро роҳбарони вазорату идораҳои ду кишвар ба имзо расониданд.
Инчунин, зимни вохӯрӣ санади «Аҳдномаи ҳампаймонӣ»-ро раҳбарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиев ба имзо расониданд.
Ин созишномаҳо дар доираи сафари давлатии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба имзо расид.
Гуфта мешавад, ки дар 7 соли охир гардиши савдо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 40 баробар афзудааст.
Айни замон дар қаламрави ҳарду кишвар 400 корхонаи муштарак фаъолият мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *