Имзои созишномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи Гент ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
23 ноябри соли 2017 дар яке аз шаҳрҳои қадимаву маъруфи Подшоҳии Белгия – Гент маросими ба имзо расидани созишномаи ҳамкории байни Донишгоҳи Гент ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тибқи он ва тақвими ҳармоҳа мубодилаи ҳайати профессорону муаллимон ва донишомӯзон, инчунин бозомӯзии онҳо оғоз ёфта, амалияи татбиқи созишнома бо шаклҳои мухталифи ҳамкорӣ тақвият хоҳад ёфт.
Дар маросими имзои созишнома роҳбарони Донишгоҳи Гент, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Ректори Донишгоҳи давлатии аграрии Тоҷикистон Амонулло Салимзода, ки шомили Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ”, намояндагони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, Вазорати илму маорифи Тоҷикистон, ниҳодҳои мухталифи илмиву кишоварзӣ буд, ҳамчунин Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия Эркинхон Раҳматуллозода, намояндагони воситаҳои ахбори умум ва аҳли ҷомеа ширкат варзиданд.
Профессор Ф. Мартие — муовини аввали Ректори Донишгоҳи Гент маросимро ҳусни ифтитоҳ бахшид ва дар бораи барномаи таҷдиди амалияи тадрис дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва коллеҷҳои кишоварзии Мастчоҳ ва Кӯрғонтеппа, ки ба навтарин усулу асосҳои амалиёти таълим асос ёфтааст ва аз тарафи Факултети ҳандасаи биологии Донишгоҳи Гент ва Маркази таълимии байналмилалии он татбиқ карда хоҳад шуд, таваққуф намуда, зикр кард, ки ҳамкории ду ниҳоди таълимию кишоварзии мамлакатҳои мо намунаи хубе барои дигарон хоҳад шуд.
Ректори Донишгоҳи давлатии аграрии Тоҷикистон Амонулло Салимзода дар суханронии хеш ба аҳли нишаст салому паёми ҳайати профессорону муаллимони Донишгоҳро расонида, ибрози итминон кард, ки ин барнома ба рушди на танҳо амалияи таълимии соҳаи кишоварзӣ, балки рушди худи соҳа ва деҳоти Тоҷикистон мусоидат намуда, барои дар оянда тавсеа ёфтани ҳамкориҳо байни ниҳодҳои мухталифи ду кишвар шароит фароҳам хоҳад овард.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия Эркинхон Раҳматуллозода дар суханрониаш ёдовар шуд, ки зимни Барномаи бисёрсолаи индикативӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, ки ба андозаи 251 млн. евро маблағгузорӣ мешавад, се самт – тандурустӣ , маориф ва рушди деҳот чун соҳаҳои афзалиятнок шинохта шудаанд. Барномаи байни Донишгоҳи Гент ва Донишгоҳи давлатии аграрии Тоҷикистон бошад ба ду самти он – ҳам ба соҳаи маориф ва ҳам ба рушди деҳот ҳамоҳангу ҳамовоз аст ва аз ин рӯ барои мо хеле аҳаммият дорад. Ибрози умед шуд, ки оғози чунин барнома як фоли нек барои пружаҳои монанд дар бахшҳои дигар шуда, ҳамкории байни ду кишвар дар соири соҳаҳо рушд хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ