Ин қадар санг чӣ маънӣ дорад?!

Чун ба бозорҳои машҳури кишвар пайи хариди ин ё он маводи рўзгор дохил мешавам, аз ҷилои зиёд дар ҳайрат мемонам! Дар ҳама чиз сангҳои арзонбаҳои ҷилодор задаанд. Ин чӣ маънӣ дорад?! Чаро тоҷирони мо миллати хешро масхара мекунанд?! Ё табъи мардум ин қадар коҳидааст?!

Занони мо имрўз либосеро ба бар мекунанд, ки онро ҳунармандон дар саҳна мепўшанд. Ҷилои сангҳои арзонбаҳо бисёртар хонумҳои ҳамиллати моро «сангбемор» кардааст. Чун пайвандонамон дар ҷумҳурии ба мо дўст — Ӯзбекистон зиндагӣ мекунанд, дар бисёр тўю маъракаҳо иштирок кардаму муқоиса мекунам. Аз Бойсун то Тирмизу Тошканд, дар маҳфилу маъракаҳои гуногун будам, бовар кунед, хеле кам аст духтару зане, ки сар то по ялаққос занад, тариқи симо мебинем, ҳатто ҳунармандонашон аз ин гуна либос истифода намебаранд. Дар бораи афғонзанону эрониҳо ҳоҷати гап нест…

Чун бо иваз шудани фаслҳои сол мехоҳӣ пойафзол бихарӣ, дар растаҳои бозору мағозаҳо ва марказҳои савдои машҳури пойтахт саргардон мешавӣ. Наздиконам маро инҷиқ, аз мӯд қафомонда, аз стили пешин халос нашуда меноманд. Аммо ман намехоҳам мисли масхарабозони сирк пойафзоли «нигина»-дори ялаққосӣ пўшам…

Гулнор, як бонуе, ки чандин сол боз дар маркази савдои «Садбарг» пойафзоли занона мефурўшад, мегўяд:

— Классика кайҳо аз мӯд рафтааст, ҳоло занони мо пойафзоле мепўшанд, ки нақшу нигор ва сангҳои ялаққосӣ дошта бошанд. Мизоҷон инро аз мо хоҳиш мекунанд ва мо мувофиқи хостаи онҳо ин молро аз хориҷа меорем.

Аз Гулнор мепурсам, ки оё дар хориҷа ба ҳоли мо намехандида бошанд? Ў бепарво ҷавоб мегўяд, ки “не, мо копии пойафзолеро меорем, ки онро шуҳратмандтарин ширкатҳои тиҷоратии олам ба фурўш мегузоранд”.

Дар бораи «калассика» Гулнор андешаҳои хоси худро дорад. Ин хонуми ба кори худ усто мегўяд, ки қисми ками бонувон аз ин намуди оддӣ истифода мекунанд.

Аввалҳо сангҳои ороишӣ дар матоъҳои куртаворӣ пайдо шуду баъд ба палтову плашҳо гузашт. Ба дигар матоъҳо кор надорам, аммо санг часпонидан дар атласу чаканро таҳқири ин ду армуғони миллӣ медонам. Оҳиста-оҳиста сачоқҳо сангзада шуданду баъд пиёлаву чойник. Ҷилои сангҳои арзонак он қадар ба дилу дидаи мо нишаст, ки акнун бе ин мо зиндагиямонро тасаввур карда наметавонем…

Як дўсти хуб дорам. Ин бону тамоми зиндагии худро сарфи тарбияи фарзандон мекунад. Духтари калонияш донишгоҳро хатм карда, бо донишу малакаи худаш, бе «таға» ба яке аз бонкҳои машҳури кишвар ба кор даромад. Азбаски дар оилаи зиёӣ ба воя расидааст, дар либоспўшӣ ва интихоби либос бисёр ҷиддӣ ҳастанд. Ана ҳамин духтаре, ки ниҳоят зебо, хоксор, босавод, соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб аст, дар зиндагии оилавӣ хушбахт нашуд. Медонед барои чӣ?! Барои санг…

Хушдомани ҷоҳил “чаро келини ҳамсоя табақу чойники сангдор оварду ту не?” гуфта, ҷонашро ба лабаш мерасонад. Оқибат «моҷарои санг» ба гўши шавҳараш ҳам мерасад. Ҷавонмарди тоҷик, ба ҷойи ба муросо хондани модари дар ҳирси санг афтодааш, баръакс аз ў пуштибонӣ мекунад ва оилаи ҷавон вайрон мешавад. Дўстбонуи фарҳангии ман ба хотири тифлаки батни духтараш назди қудо меравад, вале қудозан “шумо “крахаборҳо” ягон чизи замонавӣ наовардед” гӯён, ўро зери борони таънаю эрод мегирад. Ман худам медонам, ки дўсти ман беҳтарин ҷиҳоз барои духтараш харидорӣ намуда буд, танҳо бесанг…

Чун дар бозори матоъ аз кофтукови матои дилхоҳи бесанг дилам танг мешавад, занони фурўшанда бо як овоз мегўянд, ки “мо худамон пул дода, ба ин матоъҳо санг мезанем”. Барои чӣ?! Барои он, ки ҳозир мӯд ҳамин аст!

Тоҷирони азиз, ин шумо барои занони тоҷик мӯд фикр карда мебароред, пас арзандатар фикр кунед! Чун имрўз ба сарулибоси зани тоҷик назар меафканӣ, аз тоҷикият нишоне нест! Шумо бонувони моро ба масхарабозони сирк монанд кардаед, шумо дар паст бурдани завқи зебоипарастии духтарони мо гунаҳгоред! Имрўз пиру ҷавон либосҳои сангзада дар бар, бо дастархонҳои ҷилодори сангдор ба маъракаҳо рафта, он ҷо нигоҳ мекунанд, ки оё курпаю курпача, парда, дастархон, чойнику пиёлаи мизбон санг дорад ё не?!

Дигар атрофи дастархони тоҷикро якандозҳои бахмали миллӣ на, балки курпачаҳое зеб медиҳанд, ки абраву астару мағзияшон низ хориҷӣ асту сангзада…

Фарҳангиёни мо эҳёи ҳунарҳои мардумӣ мегўянду фестивалҳои зиёде низ дар ин росто мегузаронанд, аммо ба ин рўйдодҳои булаҷаб беаҳмиятанд. Барои аз байн нарафтани фарҳанги миллию анъанаҳои мардумӣ ба ҳар падидаи нав, хоса агар он хуб набошад, назари худро доштан даркор. Шояд либоси ҷилодор низ пўшидан лозим аст, дар ягон шабнишиниву тўй ё хурсандӣ, аммо то ин дараҷа не!

Ин назари ман буд, чун як нафар шаҳрванди ин ҷомеа. Ту чӣ мегўӣ, хонандаи азиз?

Лолаи САИДАКБАР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *