Ин чӣ бедодгарист? Кӣ бояд пуштбони аз мардуми одиро кунад?!! Кӣ!!!
Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ аз раванди муҳоҷирати иҷбории мардуми Панҷшер хабар дод
Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон дар Твиттер навишт, ки ки раванди қатли ом ва муҳоҷирати маҷбурӣ ва оммавии мардуми Панҷшер аз ҷониби Толибон* идома дорад.
ГУфта мешавад, ки мардум дар ҳоли тарк кардани хонаҳои худ ҳастанд.
«Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон муқовимат бо таҷовузкоронро идома медиҳад. Озодӣ ва шаъну шарафи инсонӣ эҳё хоҳад шуд ва ҳақиқат бар Толибон пирӯз хоҳад шуд», — омадааст дар идомаи паём.
Ёдовар мешавем, Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ, фармондеҳи низомии Ҷабҳаи Муқовимати миллии Афғонистон дар як муроҷиати видеоии худ изҳор дошт, ки муқовимат дар Афғонистон идома дорад ва Толибон* бояд мунтазири қиёми саросарӣ дар Афғонистон бошанд.
Дар ин навор Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ мегӯяд, ки Толибон* як гурӯҳи мутаассиб, ситамгар ва мутаҷовиз аст, ки бар амнтарин вилояти Афғонистон яъне Панҷшер таҷовуз кардааст ва имрӯз фазои ваҳшат ва бераҳмиро дар ин вилоят равон сохтааст.
Инчунин, Регистонӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳиш кардааст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ Толибонро* ба расмият нашиносанд.
Ҷон ба қурбонат Солеҳ Муҳаммад! Охир аз кадом ҷомеаи ҷаҳонӣ хостор мешавӣ? Он ҳама Афғонистонро ба ин рӯзи сиёҳ оварданд? Маҳз онҳоянд, ки бо бозиҳои пасипардагияшон доранд ин ҷангҳои таҳмилиро болои мардум бор мекунанд.
Ман худ агар имкон доштам, дар паҳлӯят будаму бо тамоми вуҷуд дар сангарҳо камин мегирифтам, то ҳаммиллатони худро аз чунин бадбахтӣ ҳифз намоям.
Ай ҳамватан ва ай ҳаммилатону ҳамзабонон ва ай мардуми рушанзамир бо ҳар васила сару садо баланд кунед, то моро ҷаҳон бишнавад! То бишнавад, ки Толиб бо дастандаркорони худ доранд саросари Афғонистон танҳо тоҷиккушӣ менамоянд. Ҳамаҷо ки як тоҷик ҳаст бояд сару садо боло кунаду ин даҳшатро гӯшзади оламиён гардонад, Вақти он расидааст, ки мо аз худу миллати худ дифоъ кунем.
Толибон набояд фаромӯш кунанд, ки сарзамини Афғонистон мутаалиқ ба тоҷикон ҳам ҳаст?! Мо намегузоем, ки аҷнабие омада дар ин мулк ҳукумат ронад. Бародарони арҷуманд ба худ оед ва хештаншиносу Ватандор бошед!!!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ