Ин чӣ гап? Дандони тилло муд нашуд?!

Пас аз танқиди Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, аз насби дандонҳои тиллоӣ, мӯди гузоштани чунин дандонҳо аз байн рафтааст.

Ба иттилои Sputnik. Майли шаҳрвандон ба гузоштани дандонҳои тиллоӣ тақрибан аз байн рафтааст, иттилоъ дод Ҳусейн Донёров, директори Маркази вилоятии дандонпизишкӣ дар минтақаи Кӯлоб, зимни нишасти матбуотӣ.

Нашрияи “Пайк”, нашрияи минтақавии Кӯлоб, бино ба гуфтаи Ҳусейн Донёров, мудири Маркази вилоятии дандонпизишкӣ хабар додааст, онҳое, ки дандони тилло мегузоштанд, феълан тиллоро бо садаф иваз карда истодаанд.
Аксарияти муштариён барои мондани дандонҳои садафӣ муроҷиат мекунанд, изҳор доштааст мудири Маркази дандонпизишкӣ.

“Онҳое, ки солҳои қаблӣ дандони тилло гузошта буданд, дандонҳои худро омада иваз карданд. Ба иллати омилҳои дохилӣ ва берунӣ мардум рӯ ба дандони садафӣ овардаанд. Дар 6 моҳи имсол ба марказ ҳамагӣ як нафар барои насби дандони тилло муроҷиат кардаасту халос”, — далел овардааст Ҳусейн Дониёров.

Ҳамагон шоҳиди ҳолем, ки солҳои пеш дар Тоҷикистон доштани дандонҳои тиллоӣ мӯд шуда буд ва кор то ҷое расид, ки бархе дандонҳои сиҳатро канда, барои худнамоиву ифтихорашон ба ҷояшон дандонҳои тиллоӣ мемонданд.
Ва аз ҳама аҷобат дар он буд, худнамоӣ карда, ҳангоми гап задан лабонашоро каҷ мекарданд ва ё аз андозаи одоб берун механдиданд, то дандонҳои тиллояшонро бинанд. Ин раванд буд, ки ҳунармандони ширинадои мардум Устову Масто ҳамон сурди машҳури худро “Ин чи гап дадони тилло мӯд шуд?”- ро эҷод кардаву пешкаши мардум намуда буданд.

Ва сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамин нрзукиро эҳсос карда, аз ин тамоюл носолим танқид кард, ки баъдан ба таври густурда дар расонаҳои давлатӣ инъикос гардид. Солҳои охир ба гуфтаи масъулин ва мушоҳидаҳо мӯди доштани дандонҳои тилло аз байн рафта, бештари мизоҷон майли дандонҳое доранд, ки зоҳиран ба табиӣ бештар монанданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *