Инқилоби Арманистон идома дорад
Федератсияи Инқилоби Арманистон (Дашнактсютун) эълон кард, ки аз эътилоф бо ҳизби ҳокими Ҷумҳурихоҳ хориҷ мешавад. Ин ҳизб гуфт, порлумон бояд нафареро нахуствазир интихоб кунад, ки аз эътимоди мардум бархурдор аст.
Ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи нахуствазири Арманистон Карен Карапетян рӯзи 25 апрел хабари истеъфояш аз ин мақомро шахсан рад кард. Карапетян ин хабарро дар Фейсбук такзиб кард.
Қаблан маълумоти сиёсатмадорони мухолифин, дар робита ба истеъфои Карапетян, аз тарафи сухангӯи ӯ Арам Араратян рад шуд.
Хабари аз мақоми иҷрокунандаи вазифаи нахуствазир рафтани Карапетянро намояндаи мардумӣ аз ҷиноҳи «Элк» — яке аз раҳбарони ҷумбиши зидди ҳукумат феълӣ — Арарат Мирзоян дар Фейсбук нашр кард.Инқилоби Арманистон идома дорад…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ