“Ҷинҳо”-и Ҳисорро дастгир карданд!
Аз пайи таҳқиқи овозаҳо ба ноҳияи Ҳисор сафар карда, сари қадам ба мағозаи сари роҳ даромадам, то як шиша об харам. Дар мағоза шаш-ҳафт харидор навбат истода, байни худ баҳсу мунозира доштанд.
-Дар Ҳисор ҷин пайдо шудааст. Бовар накунед, газетаи “Оила”-ро гирифта хонед,-мегуфт зани миёнасоле ба ҳампаҳлӯяш, ки аз афташ ягон шиноси наздикаш буд. Зани дуюм, ки кадуи калоне дар даст дошт, суханони ӯро тақвият дода гуфт:
-Лӯлиҳо гов кушта худоӣ карданд, акнун ҷинҳо аз қишлоқи онҳо гурехта ба дигар деҳаҳо рафта истодаанд. Чор рӯз пеш дар деҳаи Шӯроб вақти говгум ду ниқобпӯш дар кӯчаи хилвате як бачаи мактабхонро корд зада, дар як дам ғайб задаанд Ҳеҷ кас намедонад, ки ба замин фурӯ рафтанд ё ба осмон баромаданд. Мегӯянд, ки дар асл ҷин будаанду ба сурати одамизод даромада, ба бачаи бечора ҳуҷум кардаанд…
-Духтари ман ҳам нақл кард, ки дар Лангар ҷинҳо ба сурати кампир ва мӯйсафед ба хонаи як чолу кампир даромадаанд. Соҳибхона онҳоро ҳоҷӣ гумон карда, хостааст меҳмондорӣ кунад, вале ҷинҳо якбора ба мӯйсафеди бечора дарафтода, рӯяшро бо панҷаашон харошида, бечораро чунон талхакаф кардаанд, ки мӯйсафед аз забон монда, чанд рӯз боз беҳушу беёд хоб будааст, -нақлашро идома дод зани миёнасол.
Ин дам чашми фурӯшандаи мағоза, акои Носир, ки хомӯшона ба суҳбати занҳо гӯш карда, барои кадоме аз харидорон шакар бар мекашид, ба ман афтид ва табассум карда гуфт:
-Асрори ҷинҳоро аз ана ҳамин журналист пурсед, ҳамаашро ба шумо гуфта медиҳад. Канӣ Рустамҷон, гап зан, ҷинҳо боз чӣ номаъқулиҳо карда истодаанд?
-Намедонам. Навакак аз шаҳр омадам, то фаҳмам, ки ҷинҳоро дастгир кардаанд ё не,-гуфтам дар ҷавоб ва хоҳиш кардам, ки ба ман як шиша спрайт диҳад.
-Магар ҷинро дастгир карда мешавад? Ҷинҳо махлуқҳои ноаён ҳастанд, танҳо як лаҳза ҷинро дидан мумкин асту халос. Дар дунё то имрӯз ягон кас ҷинро дастгир накардааст,-ба суҳбати мо ҳамроҳ шуд ҳамон зани миёнасол.
-Гапатон рост холаҷон, лекин ба фикрам дар ин ҷо ба ғайр аз ҷинҳое, ки шумо мегӯед, боз ҷинҳои дупое ҳам ҳастанд, ки махсус ба хонаи занҳои бе шавҳар даромада, онҳоро талхакаф кардан мехоҳанд,-гуфтам дар ҷавоб ва пули нӯшокиро дода аз мағоза баромадам.
Ҷинҳо аз Болои Канал ба Лангар рафтанд?
Пеши худ қарор додам, ки таҳқиқи овозаҳоро аз деҳаи Лангар сар мекунам. Кофта-кофта хонаи ҳамон мардеро пайдо кардам, ки гӯё ҷинҳо ба сурати кампир ва мӯйсафед ба манзилаш даромада, ӯро талхакаф кардаанд ва соҳибхона беҳушу бе ёд хоб аст. Келини бобои Файзиддин баъди салому алейк ва шунидани мақсадам лаб газида гуфт:
-Шумо шояд бистум одам бошед, ки дари моро кӯфтед. Ҳар рӯз чанд кас омада мепурсанд, ки хусурат ба ҳуш омад ё не. Сад бор мегӯям, ки ягон хел ҷину аҷина ба хонаи мо надаромадааст ва хусурам сиҳату саломат аст, вале бовар намекунанд. Он кас ним соат пеш ба хонаи як хешашон ба ҷаноза рафтанд, агар бовар накунед, интизор шавед, худатон бо чашматон мебинед, ки ба мӯйсафед ягон чиз нашудааст.
-Гуфтаниед, ки овозаҳо асос надоранд?
-Намедонам кӣ ин гапи дурӯғро бофта баровардааст. Ба хонаи мо на ҷин даромадааст, на дев ва на ғул. Шукри худо, хусуру хушдоманам, шавҳару кӯдаконам, ҳамаамон сиҳату саломат гаштаем…
Ҷинҳо пул медузданд?
Бо соҳибхона хайрухуш карда, роҳи деҳаи Шӯробро пеш гирифтам, то фаҳмам, ки талабаи мактабхонро корд задани ҷинҳо асос дорад ё не. Маълум шуд, ки дар асл ҷабрдида на бачаи мактабхон, балки донишҷӯи яке аз донишкадаҳои пойтахт будааст ва моҷарои ба сараш омада, ба пул иртибот доштааст, на ба ҷину аҷинаҳо. Модари ҷавони ҷабрдида, ки зани бофарҳангу босаводе будааст, бо ваҷоҳати ҷиддӣ ба ман нигариста гуфт:
-Писари маро намози шом не, дар рӯзи равшан фиреб дода, ошкоро ғорат кардаанд. Худатон фикр кунед, ба ҷин пул чӣ лозим?! Ин кори дасти як тӯда авбошони фиребгар аст, на ҷину аҷинаҳо. Аслан, ман ба мавҷудияти деву парию ҷину аҷинаю ғул ягон зарра бовар надорам. Ин гапҳо ҳамаашон бофтаанд…
“Ҷинҳо” ба даст афтиданд, вале…
Аз ин деҳа рост ба идораи милитсияи ноҳияи Ҳисор раҳсипор шудам. Сардори шуъбаи ҷустуҷӯӣ-ҷиноӣ Рамазон Мирзоев дар робита ба сару садоҳо дар бораи ҳуҷуми ҷинҳо ба мардум паҳнгашта чунин гуфт:
-Вақте ки овозаҳо дар бораи ҳуҷуми ҷинҳо ба мардум пайдо шуданд, мо, кормандони ҳифзи ҳуқуқ азм намудем, ки барои таъмини осудагии халқ чораҳои фаврӣ андешида, аз пайи таҳқиқи ин ҳодиса мешавем. Ду ҳафтаи дароз шабу рӯз бо таҳқиқи ин ҳодиса машғул шуда, гурӯҳҳои зудамал ташкил кардем ва бо сокинони деҳа ҳамсуҳбат шудем. Баъд аз гузаронидани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ маълум шуд, ки сабаби ин ҳама сару садоҳо се нафар сокинони деҳаи мазкур будаанд, ки гирифтори бемории руҳӣ ҳастанд. Баъди таҳти назорат қарор додани ин се нафар сангпартоӣ ва воҳимаи мардум хотима ёфт. Барои пешгирӣ намудани минбаъд такрор ёфтани ин ҳодиса то ҳол мо назоратро аз рӯйи қавми лӯлӣ идома дода истодаем.
Рустам Азимов
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ