Ронандаи ин токсӣ як даст ва ду по надорад
Дар Қандаҳор марде, ки ду по ва як даст надорад барои зиндагии шарофатмандона ва луқмаи ҳалол доштан токсиронӣ мекунад. Ӯ Турҷон ном дорад ,39 сола аст ва 25 қабл аз ин бар асари таркише аз ду пой ва дасти худ маҳрум гаштааст.
Турҷон яке аз ҳафт ҳазор фарди дорои маълулият дар Қандаҳор аст. Аммо чизе, ки ӯро нисбат ба бештари афрод дорои маълулият дар ин вилоят мумтоз кардааст, сахткушии ӯст. Турҷон аз панҷ сола боз аз хона падарӣ ва бародаронаш ҷудо шуда ва бо модар ва як кӯдакаш мустақил зиндагӣ мекунад. Ҳамсар ӯ ду сол пеш ҷон додааст. Ин марди қандаҳорӣ аз бозаргонони вилояташ, ки таваҷҷӯҳ ба чунин афрод надоранд, шикоят мекунад. Ӯ ҳамчунон аз ин ки баъзан маврид боиси тамасхур мардум қарор мегирад, сахт нороҳат аст. Оризуи асоси Турҷон таъмин сулҳ ва амният дар кишвар аст, ки ин оризуи ҳар шаҳрванд Афғонистон аст. Вай аз Раис ҷумҳур Ғанӣ хостааст, ки дар ростои таъмини амният ва мубориза бо душманон талоши бештар ба харҷ диҳад.
Турҷон бо ҳамин вазъ ва ҳолаш дар варзишҳои мошинронӣ ва оббозӣ, ҳозир аст бо афрод солим рақобат кунад ва аз касоне, ки тани солим доранд мехоҳад бо мушкилоти зиндагӣ сахт мубориза кунанд то ба муваффақият даст ёбанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ