Ҳиндуи оташпарасте хайма дар СММ зад…
Доналд Трамп, президенти нави Амрико роҳбари аёлати Каролинаи ҷанубӣ Никки Ҳейлиро ба унвони намояндаи он кишвар дар СММ муаррифӣ кард.
Никки Ҳейли як ҳиндутабори ҷумҳурихоҳ аст ва дар даврони маъракаи интихоботӣ аз тарафдорони Доналд Трамп буд.Никки Ҳейли нахустин занест, ки яке аз мансабҳои баланд дар ҳукумати Доналд Трампро соҳиб мешавад ва дувумин зани осиётабори амрикоӣ аст, ки ба мақоми намояндаи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид мерасад. Падару модари Никки Ҳейлӣ муҳоҷир аз аёлати Панҷоби Ҳиндустон мебошанд, ки ба Амрико омадаанд.Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, Доналд Трамп рӯзи чаҳоршанбеи 23 ноябр дар як баёния гуфтааст, ки » Ҳейли дар корномаи худ нишон додааст, ки амри пешбурди сиёсатҳои муҳим барои пешравии аёлати худ ва кишварамон метавонад афродро новобаста аз собиқа ва вобастагиҳои ҳизбӣ, дар афрофи худ ҷамъ кунад.»Президенти нави Амрико баён кардааст, ки фармондори аёлати Каролинаи ҷанубӣ «муомилагар»-и хубе аст ва ба маҳорати ӯ дар арсаи ҷаҳонӣ ниёз доранд. Тими интиқолии Доналд Трамп сафарҳои хориҷии Никки Ҳейлиро барои музокира бо ширкатҳои байналмилалӣ аз нуқтаҳои қуввати вай зикр кардаанд. Никки Ҳейли ҳам бо судури баёния гуфтааст, ки «Амрико бо чолишҳои фаровоне дар дохил ва саҳнаи байналмилалӣ рӯбарӯст ва ман ифтихор мекунам, ки президенти интихобшуда аз ман хостааст, ки ба тимаш бипайвандам.»Никки Ҳейли 44-сола духтари як хонаводаи сикх ё сикхмазҳаби ҳиндӣ аст ва аз соли 2011 то ба ҳол роҳбари аёлати Каролинаи ҷанубӣ мебошад. Маҷаллаи «Times» дар соли 2016 вайро яке аз 100 чеҳраи таъсиргузори ҷаҳон муаррифӣ кард. Никки Ҳейли дар вокуниш ба ҳамлаҳои Доналд Трамп ба мексикиҳо, мусалмонон ва изҳороти ё алайҳи занон гуфта буд, ки «ҳама чизҳое, ки як губернатор намехоҳад, дар як президент бубинад,» дар Доналд Трамп вуҷуд дорад. Хонум Никки Ҳейли аз ҳимояти Трамп аз нажодпарастони сафедпӯст мухолифат карда буд ва ба изҳороти Доналд Трамп дар мавриди мусалмонон низ эътироз кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ