Ҳиндустон барои Тоҷикистон се нерӯгоҳ месозад

Ҳиндустон барои сохтмони се нерӯгоҳ дар шарқу шимоли Тоҷикистон изҳори омодагӣ кардааст. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, барои мушаххас кардани ҷузъиёти тарҳи «Нуробод-1», «Нуробод-2» ва «Фондарё» коршиносон таҳқиқот анҷом хоҳанд дод.

Хабари тавофуқ бо Ҳиндустон барои сохтмони се нерӯгоҳ «ҳосили» сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Ҳиндустон арзёбӣ мешавад. Дафтари матбуоти президент низ эълон кард, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафараш ба Ҳиндустон бо раиси ширкати «Ходайз групп Индастрис» Сиривас Ходай дидор анҷом дода, мавзӯи сохтмони “Нуробод-1”, “Нуробод-2” ва “Фондарё”-ро баррасӣ кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *