Инфиҷор дар назди сафорати Амрико дар Кобул
Субҳи 11 сентябр дар назди бинои сафорати ИМА дар шаҳри Кобул як гулӯла таркид ва гулӯлаи дуюм девори бинои Вазорати дифои Афғонистонро тахриб кард.
Ба иттилои хабаргузориҳои AP ва AFP, дар ҳар ду ҳолат касе осеб надидааст. «Гулӯла девори бинои Вазорати дифои Афғонистонро тахриб кард, вале касе осеб надидааст», — омадааст дар изҳороти сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон Нусрат Раҳимӣ
Кормандони сафорати ИМА таркиши гулӯла дар наздикии бинои намояндагии дипломатиро тасдиқ карданд. «Дар наздикии бинои сафорати ИМА дар Кобул таркиш рух дод», — гуфтанд онҳо.
Таркишҳо дар рӯзи 18-умин солгарди теракти 11 сентябр дар ИМА рух доданд, ки боиси вуруди неруҳои амрикоӣ ба Афғонистон шуда буд. Президенти ИМА Доналд Трамп ду рӯз пеш аз ин таркишҳо, қатъи гуфтугӯҳоеро бо гуруҳи террористии «Толибон» эълом кард, ки ҳудуди як сол инҷониб идома доштанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ