Инфиҷори бузург дар Кобул
Инфиҷори бузурге Кобул, пойтахти Афғонистонро ларзонд ва сутуне аз дуд ба ҳаво хест.
Инфиҷори бузурге Кобул, пойтахти Афғонистонро ларзонд ва сутуне аз дуд ба ҳаво хест.
Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон гуфт, ки инфиҷор субҳи имрӯз, 1 июл дар наздики Бурҷи Гулбаҳор дар ҳавзаи шонздаҳуми шаҳри Кобул рух додааст.
Вай гуфт, нахуст як мошини бомба гузошташуда таркида, сипас, чанд нафар бо бомбаҳои интиҳорӣ вориди як бино шудаанд.
Неруҳои вижаи пулис ба минтақа ҳозир шуда ва бо гурӯҳи террорист вориди даргирӣ шудааст.
Вазорати корҳои дохилии Афғонистон гуфт, ки то ҳол 45 захмӣ ба бемористон интиқол шудааст, ки дар миёни онҳо 9 кӯдак низ ҳаст.
Телевизиони хусусии “Шамшод” хабар дод, ки инфиҷор дар наздики бинои телевизион рух дода ва чанд корманди ин шабака ҷароҳат бардоштаанд.
Дар маҳали инфиҷор Федератсияи Футболи Афғонистон, Шӯрои крикет ва шуморе аз биноҳои идораҳои давлатӣ воқеъ ҳастанд.
То ҳол шумори кушташудагон эълон нашудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ