Ҷиноятҳои қаллобӣ ошкор шуд
Хуб медонем ,ки дар кишвар сафи қаллобон рўз то рўз меафзояд вале шахсони содалавҳе кам нестанд ,ки бовар карда ба онҳо маблағҳои калон қарз медиҳанд.
Аз ҷумла ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 56-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи январи соли 2015, зани 28-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 38000-доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи январи соли 2015 марди 37-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ як адад автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс”, ки арзишаш 16000-доллари амрикоиро ташкил медиҳад, гирифта то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати ҳодисаҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот давом дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ