Ҷинояткорон дар Бадахшон ба ҳаёти осоишта барнагаштаанд
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри як гузориши телевизионӣ шоми 10 октябр аз вазъи ҷинояткорӣ дар вилояти Бадахшон башиддат интиқод кард.
Масъулини ин ниҳод мегӯянд, гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ дар вилояти Бадахшон чунин вонамуд мекунанд, ки гӯё ба ҳаёти осоишта баргаштаанд. Дар ҳоле, ки ба қавли мақомот, далелҳои ошкоркардаи онҳо нишон медиҳанд, ки ин даъво ботил аст.
“Бадахшон — мақоми якум дар гардиши силоҳ ва маводи мухаддир”
Мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шоми 10 октябр бо пахши як гузориши телевизионӣ тариқи шабакаҳои давлатӣ аз вазъи ҷинояткорӣ дар Бадахшон сахт нигаронӣ карданд. Интиқоди аслии масъулини ин ниҳоди қудратӣ ин буд, ки то ҳол дар дасти сокинони вилояти Бадахшон силоҳ боқӣ мемонад.
Дар гузориши КДАМ гуфта мешавад, ки ҳарчанд аз сокинони вилоят шумораи силоҳи зиёди силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ мусодира шудааст, вале то ҳанӯз силоҳ дар дасти ашхоси алоҳида боқӣ мемонад. Ба ҳисоби мақомоти қудратӣ, дар панҷ соли ахир аз сокинони вилоят зиёда аз 1500 силоҳ мусодира шуда, 235 нафар бошандагони вилоят дар робита ба ин ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Зимнан, ба ҳисоби масъулини КДАМ, феълан вилояти Бадахшон аз рӯи ҷиноятҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир дар Тоҷикистон дар мақоми аввал будааст. Ин ҳолат, ба қавли мақомоти тоҷик, «боиси нигаронӣ» буда як масъалаи «доғи рӯз» аст.
“Дар як вақт гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ чунин вонамуд мекунанд, ки ба ҳаёти осоишта гузашта дар доираи қонун зиндагӣ доранд, вале далели боло ин даъвоҳоро ботил месозад,” — гуфта мешавад дар гузориши КДАМ.
Манзур аз ин далел, ошкор шудани як ҳодисаи кӯшиши интиқоли силоҳ ва маводи мухаддир аз Афғонистон ба ноҳияи Шуғнони Бадахшон будааст. Ба қавли мақомоти интизомӣ, шаби 2 октябр дар минтақаи марзии ноҳияи Шуғнон бо як гуруҳе, ки мехост ба ноҳияи Шуғнон чаҳор адад автомати Калашников ва 25 килограмм маводи мухаддир интиқол диҳад, задухӯрд сурат гирифтааст. Мақомоти қудратӣ мегӯянд, аъзои ин гуруҳ фирор кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.
Мақомоти қудратӣ мегӯянд, “агар сокинони Бадахшон даст аз дасти ҳамдигар гирифта дастаҷамъона бар зидди ҷинояткории муташаккил, гардиши силоҳу аслиҳа муборизаи беамон набаранд, мо боз садҳо ҷони ҷавонро аз даст медиҳем.”
Бо зикри ин ҳама, мақомоти КДАМ аз роҳбарони ягон гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ дақиқан ном набурдаанд. Аммо бархе аз ашхоси таъсиргузор дар Бадахшон, ки аз онҳо “пешвоҳои ғайрирасмӣ” ҳам ном мебаранд, қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки барои барқарор кардани тартибот дар Бадахшон бо мақомот ҳамкорӣ мекунанд.
Аз ҷумла Толиб Айёмбеков дар як суҳбати худ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки омода аст дар амри кӯмак дар таъмини тартибот мусоидат кунад.
“Силоҳ чигуна ба дасти сокинон афтод?”
Гузориши Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ҳоле нашр мешавад, ки муҳлати додаи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор кардани тартибот дар Хоруғ баъди панҷ рӯз ба охир мерасад. Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15-уми сентябр аз вазъи тартибот дар Хоруғ сахт интиқод кард. Интиқоди президент боиси тағйироти ҷиддӣ дар сатҳи раҳбарияти маҳаллӣ ва ҳам сохторҳои қудративу додгоҳӣ шуд. Баробар бо ин, дар Бадахшон амалиёти назорат аз тартибот, аз ҷумла, ҷамъоварии силоҳ ва ҳам ошкоркунии мошинҳои сиёҳшишаи бидуни иҷозат ба роҳ монда шуд.
Мавҷудияти силоҳи ғайриқонунӣ дар дасти сокинони Бадахшонро мақомоти тоҷик як дардисари аслӣ дар ин вилоят медонанд.
Ёдгор Файзов, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Бадахшон ҳафтаи гузашта дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, то замоне ки силоҳ дар дасти гуруҳҳо аст, наметавон вазъро ба эътидол овард. Вале ӯ гуфт, ки то 15 сентябр тамоми силоҳи ғайриқонуниро ҷамъоварӣ мекунанд. Баъзе аз пешвоҳои ғайрирасмӣ ҳам тайи як мулоқот бо Ёдгор Файзов ваъда додаанд, ки силоҳҳои худро месупоранд.
Ба иттилои мақомот, дар фурсати беш аз ду ҳафтаи охир аз сокинони Хоруғ беш аз 150 мил силоҳ ҷамъоварӣ шудааст. Ба қавли мақомот, аксари ин силоҳ дар натиҷаи «корҳои фаҳмондадиҳӣ» ихтиёрӣ супурда шудааст. Мақомот феълан намегӯянд, ки ин миқдор силоҳ бо чӣ роҳ ба дасти сокинон афтода, бо кадом ҳадаф нигаҳдорӣ мешуд.
«озоди»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ