Путин: Инро бевосита «корд ба гулӯ» меноманд…

Роҳбари Русия гуфт, ки вақти парвоз ба Маскав барои мушакҳои болдори «Томагавк» камтар аз 35 дақиқа, барои мушакҳои баллистикӣ аз вилояти Харков 7-8 дақиқа ва барои силоҳи зарбаи гиперсадоӣ 4-5 дақиқа хоҳад буд.

Агар мушакҳои амрико дар Украина ҷойгир шаванд, пас аз чор дақиқа имкони ба Маскав расидан мавҷуд аст.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар ин бора дар паёми худ изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, бисёре аз фурудгоҳҳои Украина дар наздикии марзи Русия ҷойгир шудаанд,- меафзояд Sputnik. 

«Ҳавопаймоҳои тактикии НАТО, ки дар ин ҷо ҷойгир шудаанд, аз ҷумла интиқолдиҳандагони аслиҳаи дақиқ метавонанд ба қаламрави мо то умқи хатти Волгоград-Қазон-Самара-Астрахан зарба зананд. Ҷойгир кардани радарҳои разведкавӣ дар қаламрави Украина ба НАТО имкон медиҳад, то ба Урал ҳарими ҳавоии Русияро сахт назорат кунад»,- тавзеҳ дод Путин.

Вай қайд кард, ки баъд аз он ки ИМА шартномаи қувваҳои ядроии миёнапарвозро вайрон кард, Пентагон аллакай ошкоро як қатор яроқи зарбазани заминӣ, аз ҷумла мушакҳои баллистикиро, ки дар масофаи то 5,5 ҳазор километр ба ҳадаф мерасанд, тайёр карда истодаанд.

Ӯ гуфт, агар ин гуна системаҳо дар Украина ҷойгир шаванд, онҳо метавонанд ба объектҳо дар саросари қаламрави Аврупои Русия ва инчунин берун аз Урал зарба зананд.

«Вақти парвоз ба Маскав барои мушакҳои болдори «Томагавк» камтар аз 35 дақиқа, мушакҳои баллистикӣ аз Вилояти Харков 7-8 дақиқа ва яроқи зарбазани гиперсадоӣ 4-5 дақиқа аст. Инро бевосита «корд ба гулӯ» меноманд»,- бо нигаронӣ афзудааст Владимир Путин.

Ёдовар мешавем, ки Владимир Путин, сарвари кишвари Русия дар паёмаш ба мардум эълом карда буд, ки ин кишвар истиқлоли ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганскро эътироф мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *