Инсоф ба тоҷирон. Суол ба руҳонии шинохта Ҳоҷӣ Мирзо
— Ҳар сол баробари фаро расидани моҳи шарифи Рамазон савдогарҳо нарху наворо якбора ба осмони ҳафтум мебардоранд. Магар дар назди Худованд ҷабр кардан ба кисаи мардум гуноҳ нест?
Бародарон Акмал ва Сафарбек, аз ш. Ҳисор
Посух:
— Албатта, гуноҳ аст. Дар моҳҳои Рамазон мардуми мусулмон набояд дар болои молашон фоиз гузоранд ва нархро гарон кунанд, балки бояд аз сари фоидаҳояшон ҳам бигзаранд. Хоҳанд, ки савоби даҳчанд аз моҳи Рамазон бардоранд, тоҷирон бояд молро бо ҳамон нархе, ки мегиранд, фурӯшанд ва ба камбағалу нодору ятиму барҷомондагон хайру садақа кунанд.
Касе, ки дар ин моҳ нархро баланд карда, барои мардум вазнинӣ эҷод мекунад, раҳму инсоф надорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ