Инсоф, инсоф, инсоф!!! Нархи газро кӣ боло мебарад?
НАФСИ БАД БАЛОИ ҶОН, ҶАНОБОНИ ВОРИДКУНАНДАИ ГАЗ.
Нархи 1 литр гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз 7 сомонӣ ҳам гузашт. Ин дар ҳолест, ки ду ҳафта пеш аз 5 сомонӣ бештар набуд. Ҳоло дар ҳама ҷо ажиотаж.
Далел — камчинии газ ва лимит барои содирот аз ҷониби кишварҳои содиркунанда дониста мешавад.
Мақомоти дахлдор, махсусан Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар хоби гарон аст.
Коршиносон мегӯянд, ки сабаби асосӣ монополия будани воридоти газ аст. Масалан, агар 10 ширкат ба ворид кардани газ машғул мебуданд, чор тои онҳо метавонистанд бо фурӯшандагони гази моеъ забон меёфтанд. Шояд рақибон бошанд, аммо эҳмол онҳо сохта бошанд. Яъне, як ширкат барои хок ба чашми давлат пошидан ба худ “рақиб” месозад.
Бо боло рафтани нархи гази моеъ нархи хизматрасонии нақлиёт низ боло меравад. Нархи нақлиёт, ки боло рафт, аз дунболи худ нархи ҳама маҳсулот гарон мешавад.
Ёбеду гиред!
Боз балои омада бар сари деҳқон ва мардуми камбизоат мезанад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ