Инсофи русӣ: Маъюбро ба куча партоед!

Давлатёри Хуҷамёр, як муҳоҷир аз ноҳияи Ҷиргатолро, ки рӯз 8 декабр дар шаҳри Красногорски вилояти Маскав зери чархи мошин монда, 8 қабурғаву дасту шонаи чапаш шикастаасту шушу гурдаву талхааш осеб дидааст, баъди 10 рӯз аз бемористон берун кардаанд. Давлатёрро, ки ҳатто роҳ гашта наметавонад, муҳоҷирони дигари тоҷик дар як хонаи нимсохт бистаре партофта, ҷой кардаанд.

Иззат Амон, ҳуқуқшиноси тоҷики муқими Маскав ва канали «Голос мигранта” рӯзи 18 декабр бо нашри як видео аз сарнавишти талхи Давлатёри Хуҷамёри 27-сола аз ноҳияи Ҷиргатол хабар доданд. Ин муҳоҷири тоҷикро, ки саропои баданаш шикаста ва пур аз захму ҷароҳат аст ва ҳатто роҳ гашта наметавонад, муҳоҷирони дигари тоҷик дар маҳаллаи Горки -10 дар километри 60-уми шоҳроҳи Рублёвско-Успенское дар як ҳуҷра дар бинои нимсохте, ки таъмир доранд, ҷой кардаанд.

Коре ки аз ҳиммати баланди муҳоҷирони тоҷик дарак медиҳад, вале маконе, ки ӯ қарор дорад, барои ин марди мариз ва мӯҳтоҷи табобат муносиб нест…

Давлатёри Хуҷамёр рӯзи 8 декабр дар шаҳри Красногорски вилояти Маскав, вақте аз роҳи пиёдагард мегузашт, зери чархи мошин монд. Ронанда, ки бо суръати баланд ҳаракат дошт, наистода фирор кард. Барои Давлатёр, ки дар як они воҳид баданаш оғӯштаи хун шуд, раҳгузарон мошини «Ёрии таъҷилӣ” даъват карданд ва «Ёрии таъҷилӣ” ӯро рост рӯи кати ҷарроҳӣ бурд.

Се рӯзи аввал Давлатёр дар ҳолати мадҳушӣ қарор дошт ва ҳеҷ кадом аз ҳамроҳонаш ҳатто намедонистанд, ки ӯ куҷо шудааст?

Варақаи беморие, ки ҳангоми ҷавоб додани Давлатёри Хуҷамёр аз бемористон пур кардаанд, дар воқеъ даҳшатовар аст: Осеби мағзи сар, осеби шуши чап, осеби гурдаи чап, сипурз (селезёнка) кафидааст, 8 қабурғаи чапаш шикаста ё аз ҷо беҷо шудааст, шонаи чапаш шикаста, китфи чапаш баромадааст, дасти чапаш ҳам шикаставу ҳам баромадааст…

Бо вуҷуди чунин рӯйхати ҷароҳатҳои сангин ва бо вуҷуди онки Давлатёр ҳатто баъди 10 рӯзи табобат ба пои худ роҳ гашта наметавонад, ӯро рӯзи 18 декабр ба ин далел ки суғуртааш идомаи табобати ӯро намепӯшонад, аз бемористон ҷавоб доданд. Ҳоло онки Давлатёр дар Русия қонунӣ кору зиндагӣ мекард ва аз ВТБ суғуртаи тиббӣ ҳам гирифта буд.

Изатт Амон дар ин видео мегӯяд, ҳоло талош хоҳанд кард, то Давлатёрро барои идомаи табобат ба бемористон баргардонанд, чунки «ҳатто фашистҳо одами маризро дар чунин ҳолат дар кӯча намепартоянд. Ин бародари моро бо ҳамин аҳвол гирифтанду партофтанд.”

Иззат Амон гуфт, аз ВТБ ҳам талаб хоҳанд кард, то бар ӯҳдадориаш амал кунад. Дар шартномаи суғуртаи Давлатёр навишта шудааст, ки дар сурати пеш омадани чунин ҳолатҳое, ки ӯ коршоямиашро аз даст диҳад, ширкати суғурта бояд ба ӯ 120 ҳазор рубл ҷуброн пардохт кунад. Ӯҳдадорие, ки ширкатҳои суғурта дар мавриди муҳоҷирони тоҷик аслан риоя намекунанд.

Ҳамчунин, гуфта мешавад дар ин видео, ронандаеро, ки сабаби ба чунин рӯзи сахт афтодани Давлатёр шудаанд, низ пайдо кардаанд ва ӯ ҳам бояд дар табобати ин муҳоҷири тоҷик саҳм гузошта, айби худро бишӯяд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *